Раиси АНМН: Вазъи мухаддирот дар Афғонистону минтақа душвор боқӣ мемонад

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия раиси АНМН-и назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров изҳор кард, ки таҳлили маълумоти расмии мақомоти дохил ва хориҷи кишвар дар бораи ҷинояткорӣ ва мухаддирот, вазъи мухаддирот дар Афғонистон ва тасмими хурӯҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар дар соли 2014 гувоҳи онанд, ки ояндаи наздик вазъи […]


Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия раиси АНМН-и назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров изҳор кард, ки таҳлили маълумоти расмии мақомоти дохил ва хориҷи кишвар дар бораи ҷинояткорӣ ва мухаддирот, вазъи мухаддирот дар Афғонистон ва тасмими хурӯҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар дар соли 2014 гувоҳи онанд, ки ояндаи наздик вазъи мухаддирот дар кишвари ҳамсоя ташаннуҷовар боқӣ хоҳанд монд.

Рустам Назаров аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дар ин масоил ҳарф зад, ки ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва зарурати густариши ҳамкории пурсамар миёни мақомоти зиддимухаддироти Тоҷикистону Русия равона гардидаанд.

«Мо комилан муътақидем, ки ҳамкории пурсамари минтақавӣ метавонад ба такягоҳи муҳими ташаккули шарикии глобалӣ дар мубориза алайҳи мухаддирот табдил гардад», – иброз дошт Назаров.

Дар суханронии худ ӯ ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббусҳои кишвар дар ин самт, вазъи кунунии мухаддирот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин пешгӯиҳои вазъ дар солҳои 2013-2014 ҷалб намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".