Қабули нахустин Кодекси шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон

Date:


Лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба танзиму тартиби масоили соҳаи сохтмон ва меъморӣ нигаронида шудааст.

Зимни шарҳи лоиҳа ба вакилон раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов изҳор кард, ки кодекс сатҳи масъулияти сохторҳои давлатиро зимни сохтмони иншооти нав боло мебарад. «Мувофиқи меъёрҳои кодекс, тамоми субъектҳои машғул ба тиҷорати сохтмон уҳдадоранд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ, иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва давлатӣ масоили таъмини мудофиаи гражданӣ зимни рух додани ҳолатҳои фавқулода ва амалҳои террористиро ба инобат гиранд», – қайд кард А.Комилов.

Ба андешаи ӯ, Кодекси шаҳрсозии пешниҳодшуда монеъаҳои бюрократӣ зимни дастрас кардани иҷозатнома барои сохтмони иншооти гуногунро бартараф месозад. «Аз ҷониби таҳиягарони кодекс бекор намудани ҳудуди 10 номгӯи асноди иҷозатномавӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо дар бахши сохтмон пешниҳод гардидаст», – таъкид кард раиси Агентӣ.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳори итминон кард, ки лоиҳаи Кодекси нави шаҳрсозӣ ба мушкилоти сохтмони ғайриқонунӣ ва кӯчонидану хароб сохтани биноҳо хотима мебахшад.

«Пас аз қабули кодекси мазкур дигар ҳолатҳое рух нахоҳанд дод, ки шаҳрвандон бо иҷозати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои худ манзил месозанду сипас ҳокимияти марказӣ ин қитъаҳои замини ҷудошударо ғайриқонунӣ шуморида, биноҳои шаҳрвандонро хароб месозанд», – зикр кард Шабдолов.

Раиси ҲКТ ҳамчунин таъкид намуд, ки Кодекси шаҳрсозӣ ба фаъолияти афроди машғул ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин хотима мебахшад.

«Дар Кодекс ҳамчунин ишора шудааст, ки қитъаи барои сохтмон гирифташуда то замони дар он бунёд нагардидани 60%-и иншоот наметавонад ба фурӯш гузошта шавад», – афзуд Шабдолов.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Кодекси шаҳрсозӣ муддати беш аз 7 моҳ баррасӣ шуда, ба он аз ҷониби вакилон зиёда аз 250 тағйироту илова пешниҳод гардидааст.

Пас аз баррасии дусоата вакилони палатаи поёнии парлумон Кодекси шаҳрсозиро якдилона маъқул шумориданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...