Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси барномаи ҲМИОМ

Ҳайати Тоҷикистон дар кори конфронси 11-уми вазирони барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ, СAREC), ки ахири моҳи равон дар шаҳри Вухани Чин баргузор мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сармушовири президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ, […]


Ҳайати Тоҷикистон дар кори конфронси 11-уми вазирони барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ, СAREC), ки ахири моҳи равон дар шаҳри Вухани Чин баргузор мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сармушовири президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ, ҳамоҳангсози миллии ҲМИОМ Неъматҷон Бӯриев сарварӣ хоҳад намуд.

Ба иттилои манбаъ, конфронс таҳти унвони «Амалисозии ҲМИОМ 2020: Нигоҳ ва амал» доир мегардад. «Стратегияи моҳи ноябри соли гузашта қабулшудаи «ҲМИОМ 2020» харитаи нави роҳ буда, барномаро баҳри ноил гардидан ба нигоҳи «Шарикони хуб, ҳамсояҳои хуб ва дурнамои хуб» равона месозад ва ба масоили тавсеъаи тиҷорат ва беҳбуди рақобатпазирӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад», – гуфтанд дар намояндагии БОР.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома беш аз 500 километр роҳҳои таъиноти минтақавии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ шуда, ин ба коҳиши хароҷоти роҳ, афзоиши даромади аҳолӣ, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳо ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ, афзоиши рақобатпазирӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёту энергетика ва тиҷорат ба рушди ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Барномаи ҲМИОМ шарики даҳ кишвар – Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва шаш ниҳодҳои бисёрҷониба – БОР, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд, Барномаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Аз соли 2001 БОР ба ҳайси котиботи барномаи ҲМИОМ фаъолият дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.