Худкушии 40 нафар ноболиғон дар Суғд тӯли соли равон

Соли равон дар вилояти Суғд 40 ҳодисаи ба худкушӣ даст задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, тайи се рӯзи ахир се тан аз сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки як нафари онҳо ноболиғ мебошад. Ба иттилои манбаъ, чанде қабл тахминан соатҳои […]


Соли равон дар вилояти Суғд 40 ҳодисаи ба худкушӣ даст задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, тайи се рӯзи ахир се тан аз сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки як нафари онҳо ноболиғ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл тахминан соатҳои 10-и нимаи аввали рӯз толибилми синфи 8-уми ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов К.А. дар оғилхонаи манзилашон худро ба дор овехтааст. Дар ҷисми писари ноболиғ аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт нашудааст. Мақомоти маҳаллии прокуратура ба таҳқиқи сабабҳои рух додани ин ҳодиса машғул аст.

Боз ду нафари дигаре, ки даст ба худкушӣ задаанд, сокини 30-солаи ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О.Д. ва модари 40-солаи се фарзанд аз ноҳияи Шаҳристон М.Г. мебошанд. Тафтишоти ҳодисаҳои мазкур ҷараён дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи худкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 188 ҳодиса) ва 73 ҳодисаи суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин шумори тавассути худкушӣ ҳалокшудагон 118 нафарашонро мардон, аз ҷумла 14 писари ноболиғ ва 104 нафарашонро занон, аз ҷумла 26 духтари ноболиғ ташкил медиҳанд. Мутобиқи моддаи «ба худкушӣ оварда расонидан» 10 парвандаи ҷиноӣ (соли 2011 – 16 парванда) боз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.