Ташрифи раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария ба Душанбе

Date:


Президенти Шӯрои палатаи болоии парлумони Швейтсария Ханс Алтер бо сафари нахустин аз Тоҷикистон боздид мекунад. Интизорӣ меравад, ки ӯ рӯзи 2-юми ноябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Ханс Алтер бо ҳамтои тоҷики худ – раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар ҳамчунин вохӯриву муоқотҳои Ханс Алтер бо намояндагони ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷӣ, боздиди ӯ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...