Коршинос: Ҷойивазкунии роҳбарони ВАО-и ҳукумат амри маъмулист

– Иваз шудани роҳбарони аксари васоити ахбори умумии ҳукумат, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, як ҷойивазкунии маъмулии кадрӣ аст, – мегӯяд сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат. Ба андешаи ӯ, чунин ҷойивазкунӣ шояд ба он хотир сурат гирифтааст, ки «роҳбарони ВАО-и ҳукумат муддати тӯлонӣ сари танҳо як мансаб қарор надошта бошанд». Нуралӣ […]


– Иваз шудани роҳбарони аксари васоити ахбори умумии ҳукумат, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, як ҷойивазкунии маъмулии кадрӣ аст, – мегӯяд сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат.

Ба андешаи ӯ, чунин ҷойивазкунӣ шояд ба он хотир сурат гирифтааст, ки «роҳбарони ВАО-и ҳукумат муддати тӯлонӣ сари танҳо як мансаб қарор надошта бошанд».

Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки дар робита ба ин тағийроти кадрӣ дар фаъолияти васоити ахбори ҳукумат ҳеҷ тағйироте ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. «Роҳбарони тозатаъин низ ҳамон амру супоришҳои ҳукуматро ба иҷро хоҳанд расонд», – иброз дошт вай.

Сиёсатшинос ҳамчунин муътақид аст, ки «дар бораи ягон тағйироти куллии самти фаъолияти ВАО-и давлатӣ дар остонаи маъракаи интихоботи президентии соли 2013 наметавон ҳарф зад».

«Барои рӯйи кор овардани самти нави фаъолият дар бахши сиёсати иттилоотӣ дар остонаи интихобот, афроди нав бо андешаву афкори тозаву ҷадид заруранд», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.