Суғд: Заҳролудшавӣ 1 фавтидаву 26 осебдида бар ҷой гузошт

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари заҳролудшавӣ аз ғизо як нафар фавтида, 26 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд. Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, аввали ҳафтаи равон як гурӯҳ аз сокинони шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон бистарӣ шудавнд. «Маълум шуд, ки рӯзи 28-уми октябр сокини шаҳрак Шакаралӣ […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари заҳролудшавӣ аз ғизо як нафар фавтида, 26 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, аввали ҳафтаи равон як гурӯҳ аз сокинони шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон бистарӣ шудавнд.

«Маълум шуд, ки рӯзи 28-уми октябр сокини шаҳрак Шакаралӣ Нозирови 38-сола 50-60 нафар ҳамдиёрони худро ба оши худоӣ ба манзилаш даъват мекунад. Қисмате аз меҳмонон помидори дар шароити хона консервшудаи туршро истеъмол мекунанд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз он, рӯзи 30-юми октябр хоҳари соҳибхона – Мастура Нозироваи 31-сола дар бемористон ба ҳалокат мерасад», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, айни замон 7 нафари заҳролудшуда бо шумули соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарӣ ва боз 19 нафари дигар дар шуъбаи касалиҳои сироятии бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд. Таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мазкур идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.