Таҳияи қонунгузории бонкдории исломӣ аз ҷониби «Зайд Иброҳим ва Ко»

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии машваратии «Зайд Иброҳим ва Ко» оид ба рушди бонкдории исломӣ (Малайзия) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, тибқи шартномаи номбурда коршиносони ин ширкат барои вусъати низоми бонкӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар шаҳри Душанбе байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии машваратии «Зайд Иброҳим ва Ко» оид ба рушди бонкдории исломӣ (Малайзия) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, тибқи шартномаи номбурда коршиносони ин ширкат барои вусъати низоми бонкӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия менамоянд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти бонкҳо зимни амали бонкдории исломӣ бояд ба меъёрҳои дини ислом мувофиқат намояд. Асоси тиҷорати бонки маъмулӣ, ки додани қарз бо фоиз аст, мустақиман тибқи Қуръон ҳамчун судхӯрӣ манъ шудааст. Тамоми дороиҳои бонкҳои исломӣ дар шакли сармоягузориҳои дарозмуҳлат ва ба истилоҳ коғазҳои «дароз» (масалан облигатсияҳои муҳлати пардохташон хеле дарозмуҳлат) нигоҳ дошта мешаванд.

Нахустин бонкҳои исломӣ солҳои 60-уми асри XX ифтитоҳ гардида, рушди фаъолияти онҳо аз аввали солҳои 70-ум шурӯъ шуд. Имрӯз бонкҳои исломӣ дар 40 кишвари дунё, аз ҷумла давлатҳои Ғарб низ фаъолият доранд.

«Зайд Иброҳим ва Ко» нахустин шабакаи ҳамгироишудаи пешниҳоди хизматгузориҳои ҳуқуқӣ ва дигар хизматгузориҳои марбут ба он дар минтақаи Уқёнус (Океания) аст. Ширкат дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, хизматгузориҳои консалтингӣ, аз ҷумла машваратҳо дар бахши бонкдории исломӣ маҷмӯи васеи хизматгузориҳоро пешниҳод менамояд.

Қароргоҳи марказии ширкати «Зайд Иброҳим ва Ко» дар шаҳри Куала-Лумпур (Сингапур) воқеъ аст. Намояндагиҳои ширкат ҳамчунин дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бангкок, Ҳошимин, Дубай, Сидней ва Мелбурн фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.