Оғози бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан

Соати 4:15 дақиқаи имрӯз ҳавопаймои аввалин бо ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омад. Дар ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» 182 нафар зойирини тоҷик қарор доштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурдгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар маҷмӯъ аз шаҳри Ҷидда ба Душанбе 29 парвоз бо зойирини тоҷик анҷом […]

Меҳрангез Турсунзода


Соати 4:15 дақиқаи имрӯз ҳавопаймои аввалин бо ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омад. Дар ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» 182 нафар зойирини тоҷик қарор доштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурдгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар маҷмӯъ аз шаҳри Ҷидда ба Душанбе 29 парвоз бо зойирини тоҷик анҷом дода мешавад. «Мувофиқи нақшаи пешакӣ, парвози охирин аз Ҷидда рӯзи 18-уми ноябр сурат гирифта, тамоми парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» ба иҷро расонида мешаванд», – гуфт ӯ.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи имсола барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, дар миёни 182 ҳоҷиён, ҳашт нафар беморони вазнин ба ватан баргаштанд.

Тибқи иттилои сардухтури ҳайати табибони ситоди ҳаҷ 2012 Расул Назиров, дар таърихи 31 октябри соли 2012 ҳоҷӣ Абдуллоев Ҷ., зодаи ш.Турсунзода, дар натиҷаи хурӯҷи бемории дил аз дунё даргузашт. Бинобар маълумотҳои расида, мавсуф пештар аз касалии дил азият мекашидааст. Маросими ҷанозаи марҳум дар масҷиди Ҳарам бо иштироки намояндаҳои Тоҷикистон ва ҳазорон нафар ҳоҷиёни намозгузор барпо гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.