Анҷоми муҳлати ваколатҳои намояндаи домии ACDN дар Тоҷикистон

Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд (ACDN) дар Тоҷикистон Мунир Мералиро ба муносибати ба итмом расидани мӯҳлати адои вазифааш ба ҳузур пазируфт. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вазири корҳои хориҷӣ саҳми Мунир Мералиро дар равнақу густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Оғохон баланд арзёбӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд (ACDN) дар Тоҷикистон Мунир Мералиро ба муносибати ба итмом расидани мӯҳлати адои вазифааш ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вазири корҳои хориҷӣ саҳми Мунир Мералиро дар равнақу густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Оғохон баланд арзёбӣ намуда, таманниёти беҳтарини худро дар фаъолияти минбаъдааш изҳор намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва он Созмонро мавриди арзёбӣ қарор доданд. Аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои Созмон дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва ҳамсӯҳбатон оид ба имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.