Оғози фаъолияти корхонаи истеҳсоли шакар дар Суғд

Дар зарфи 9 моҳи соли равон корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» ба маблағи умумии беш аз 13 млн. сомонӣ (2,7 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд. Бино ба иттилои маъмурияти МОИ «Суғд», айни замон дар ҳашт субъекти минтақа истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба роҳ монда шуда, дар корхонаҳои дигар корҳои таъмир ва барқароркунӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 9 моҳи соли равон корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» ба маблағи умумии беш аз 13 млн. сомонӣ (2,7 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд.

Бино ба иттилои маъмурияти МОИ «Суғд», айни замон дар ҳашт субъекти минтақа истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба роҳ монда шуда, дар корхонаҳои дигар корҳои таъмир ва барқароркунӣ идома доранд. Ба иттилои манбаъ, феълан дар МОИ «Суғд» 20 субъект, аз ҷумла соли равон се субъект ба қайд гирифта шудаанд.

Соли ҷорӣ ширкатҳои «Равзана Пластик» ва «Некон» ба кор шурӯъ карда, дар заминаи корхонаи муштараки «Стар пласт» ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли қубурҳои пластикӣ се хатти нави технологӣ ба истифода дода шудаанд. Дар заминаи корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» истеҳсоли колерҳо (илова ба рангҳо)-и анвоъи гуногун оғоз гардид»

Гуфта мешавад, корҳои омодагӣ ба сабти субъектҳои нав дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» идома доранд.

То ахири сол дар заминаи ҶДММ «Зарафшон» мавриди истифода қарор додани хатти нави истеҳсоли шакар бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ дар назар аст. Барои ин дар як қатор ноҳияҳои вилоят ба таври таҷрибавӣ кишти лаблабуи қанд ба роҳ монда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.