Воридоти ҳудуди 300 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар 10 моҳ

Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 296,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 64,9 ҳазор тонна камтар мебошад. Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳиссаи ин кишвар дар ҳаҷми воридот 58,8% (174,5 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад. Соли равон Тоҷикистон аз Туркманистон […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 296,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 64,9 ҳазор тонна камтар мебошад.

Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳиссаи ин кишвар дар ҳаҷми воридот 58,8% (174,5 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад. Соли равон Тоҷикистон аз Туркманистон 55 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дастрас намуд ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 11 ҳазор тонна зиёдтар буда, ҳиссаи он дар бозори умумии воридот ба 18,6% баробар аст.

Соли равон ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Қирғизистон дар ҳаҷми 31,9 ҳазор тонна (10,8%), Қазоқистон – 11,7 ҳазор тонна, Белорус – 9,1 ҳазор тонна, Ӯзбекистон – 7,1 ҳазор тонна, Озарбойҷон – 367 тонна, Украина – 76 тонна ва дигар кишварҳо – 7,7 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 131,3 ҳазор тоннаашро бензин, 99,5 ҳазор тоннаро – сӯзишвории дизелӣ, 41,9 ҳазор тоннаро – сӯзишвории реактивӣ, 5,3 ҳазор тоннаро – мазут, 9,1 ҳазор тоннаро – битум, 9,3 ҳазор тоннаро – равғанҳои молиданӣ ва 32 тоннаро – керосин ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Русия аз Тоҷикистон оид ба лоиҳаи созишнома дар бораи воридоти махсулоти нафтии ин кишвар ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ посухро интизор аст.

Муовини вазири энергетикаи Русия Анатолий Яновский рӯзи 13-уми ноябр ба унвони муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев мактубе ирсол намуда, дар он лоиҳаи созишнома иборат аз 13 моддаро ба баррасӣ пешниҳод ва муайян кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин масъаларо дархост кардааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.