Кӯмаки IFC ба муассисаҳои хурди молиявӣ дар ҷалби амонатҳо

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ба роҳандозии барномаи омӯзиши иштирокчиёни бахши хурди молиявии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сафарбаркунии амонатҳо (депозитҳо) ва идоракунии хатарҳо ва ба ин васила мусоидат намудан ба рушди иқтисоди ин кишварҳо оғоз мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии IFC хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин барнома омӯзиши намояндагони бахши хурди молияӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ба роҳандозии барномаи омӯзиши иштирокчиёни бахши хурди молиявии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сафарбаркунии амонатҳо (депозитҳо) ва идоракунии хатарҳо ва ба ин васила мусоидат намудан ба рушди иқтисоди ин кишварҳо оғоз мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии IFC хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин барнома омӯзиши намояндагони бахши хурди молияӣ ба таҳияи стратегияи сафарбарсозии амонатҳо, идоракунии хатарҳо дар муассисаҳои хурди молиявӣ ва амалиёт бо амонатҳо дар назар аст.

«Барномаи глобалии IFC оид ба идоракунии хатарҳо бо дастгирии ҳукумати Ҷопон ба муассисаҳои хурди молиявӣ дар саросари ҷаҳон барои арзёбӣ ва пешгирии хатарҳо тавассути воситаҳои воқеъгароёна ва тадбирҳоли иловагӣ баҳри беҳбуди идоракунии хатарҳо кӯмак мерасонад», – гуфтанд дар намояндагии доимии IFC.

Роҳбари барномаи IFC Маканда Киоко дар ин робита таъкид намудааст, ки Корпоратсия баҳри таҳкими имконоти муассисаҳои хурди молиявии минтақаи Осиёи Марказӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро онҳо муҳаррики рушди иқтисод ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.