Афзоиши ҳаҷми мусодираи мухаддирот дар Тоҷикистон

Зарфи даҳ моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 5 тоннаву 455 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудудан 1 тоннаву 530 кило зиёд аст. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ҷумлаи мухаддироти мусодирашуда […]

Аваз Юлдошев


Зарфи даҳ моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 5 тоннаву 455 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудудан 1 тоннаву 530 кило зиёд аст.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ҷумлаи мухаддироти мусодирашуда бештар аз 483 килои онро героин ташкил медиҳад. Афюни дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ забтшуда наздик ба 598 кило буда, зиёда аз 4 тоннаву 374 килои онро мухаддироти мансуб ба гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давра аз ҷониби кормандони АНМН 94 ҷинояти мухаддиротӣ ба қайд гирифта шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудудан 750 кило маводи нашъаовар мусодира гардидааст.  «Зарфи ин даҳ моҳ кормандони Агентӣ 3 ҳодисаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ ва модаҳои психотропиро ошкор намуданд», – афзуд манбаъ.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.