Корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб» охири сол ба итмом мерасанд

Корҳои таҷдиди аввалин нерӯгоҳи обиву барқӣ дар Тоҷикистон – нерӯгоҳи «Варзоб» охири соли равон ба итмом мерасанд. Дар ин робита аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, ки қаблан пас аз таҷдид мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳ моҳи октябр ва агрегати дуюм моҳи ноябр ба нақша гирифта шуда буд. «Аммо корҳои насб аз муддати […]

Пайрав Чоршанбиев


Корҳои таҷдиди аввалин нерӯгоҳи обиву барқӣ дар Тоҷикистон – нерӯгоҳи «Варзоб» охири соли равон ба итмом мерасанд.

Дар ин робита аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, ки қаблан пас аз таҷдид мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳ моҳи октябр ва агрегати дуюм моҳи ноябр ба нақша гирифта шуда буд.

«Аммо корҳои насб аз муддати пешбинишуда хеле дертар анҷом пазируфта, аз ин рӯ, пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи «Варзоб» ахири сол дар назар аст», – гуфтанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон агрегати дуюми нерӯгоҳ комилан барои истифода омода буда,корҳои насби таҷҳизот дар агрегати якум дар арафаи анҷомёбианд.

Ёдрас мекунем, ки ду ширкати Ҳиндустон – Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) ва National Power Corporation (NHPC) ба корҳои таҷдиди нерӯгоҳи барқии «Варзоб-1» машғуланд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон дар ҳаҷми 17 млн. $ грант ҷудо гардида буд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», пас аз анҷоми корҳои таҷдид иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-1» аз 7,4 то 9,4 МВТ афзуда, муҳлати коршоямии нерӯгоҳ ба муддати 50 соли дигар тамдид меёбад.

Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб аз се нерӯгоҳ иборат буда, иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-2» аз  ҳама бештар – 14,76 МВт аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Варзоб-1» – 7,4 МВт ва «Варзоб-3» 3,52 МВт-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи «Варзоб-1» аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб ёфта, соли 1936 ба истифода дода шудааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.