Гуфтушуниди дипломати тоҷик бо мудири кулли ЮНЕСКО

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро […]

ASIA-Plus


Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ЮНЕСКО муҳокима намуданд.

Ирина Бокова тамоюли устувори робитаҳои зудинкишофёбандаи байни ЮНЕСКО ва Тоҷикистонро махсус қайд кард.

Ҳамсӯҳбатон мавзӯъҳои мубрами ҳамдастии Тоҷикистонро бо ЮНЕСКО, аз ҷумла масъалаи ворид намудани ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, инчунин лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва фарҳангро матраҳ карданд.

Р. Солиев ва И. Бокова имконияти иштироки намояндагони Тоҷикистонро дар коромӯзиҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар ЮНЕСКО, аз ҷумла дар курсҳои омӯзишӣ бо мақсади омодасозии гузаронидани ҳаргуна конфронсҳо ва форумҳо дар ҳошияи Созмон баррасӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.