Дар конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони «Мушкилоти матбуоти давраи истиқлолият», ки имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, вазъи журналистикаи муосири тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии донишгоҳ Сангин Гулов хабар дод, дар ҷараёни конфронс олимон ва журналистон атрофи масоили муҳими назарияи журналистика, таҷдиди роҳҳои таълим ва омодасозии кадрҳои ҳирфаӣ, вазифаҳои асосии журналистика, дурнамои рушд ва сатҳи таъсири он ба ҷомеа табодули назар карданд.
Ба қавли Гулов, журналистикаи муосири тоҷик то ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, ҳарчанд ҳамасола факултаи журналистикаи макотиби олии кишварро беш аз 200 нафар рӯзноманигорони ҷавон хатм кунанд ҳам, мушкилоти норасоии журналистони соҳибкасб боқӣ мемонад, зеро сатҳи таълим ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ набуда, кайҳо зарурати ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми таҳсили журналистика фаро расидааст.
«Ҳарчанд дар факултаи журналистикаи ДМТ ҳанӯз соли 2010 ба маблағи 117 ҳазор доллари ИМА студияҳои таълимии радио ва телевизион таъсис дода шуда бошанд ҳам, омӯзгорон то ҳол аз тарзи истифодаи баъзе навъҳои техникаи муосир огаҳӣ надоранд», – мегӯяд Гулов.
Ба иттилои номбурда, айни замон аз ҷониби донишҷӯён барои шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо танҳо як барнома таҳти унвони «Паёми донишгоҳ» таҳия мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки бо хатми мактаби олӣ донишҷӯён бояд аз тамоми паҳлӯҳои касби худ огоҳии хуб дошта бошанд.



