Машғулиятҳои олими фаронсавӣ оид ба шинохти дастхатҳо

spot_imgspot_img

Дата:


Олими фаронсавӣ Франсис Ришар барои мутахассисони ҷавони Тоҷикистон як давраи мухтасари омӯзишӣ оид ба кодикологияро баргузор мекунад.

Кодикология илмест, ки усулҳои – муайян кардани давраи навишт, ҷойи навишт ва коғази дастхатро меомӯзад, то минбаъд барои гурӯҳбандӣ, тармиму нигоҳдорӣ ва омӯзиши арзиши илмиву бадеии дастхат истифода шавад.

Аз 11 то 18-уми декабри соли равон таҳти роҳбарии Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи улуми Тоҷикистон давраи омӯзишии махсуси «Мактаби шарқшиноси ҷавон» доир мегардад.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи омӯзиш ва ҳифзи дастхатҳои пажӯҳишгоҳи мазкур Лола Додхудоева, давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯби барномаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси олимони ҷавони шарқшинос барпо гардида, дар он кормандони пажуҳишгоҳ, мутахассисони донишкадаву муассисаҳои бо дастхатҳо сарукордошта иштирок мекунанд.

Ба қавли вай, тайи 5 соли ахир дар ягон макотиби олии Тоҷикистон, ки шарқшинос ё санъатшинос тайёр мекунанд, кодикология омӯзонида намешавад.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки Франсис Ришар донандаи хеле хуби забони форсӣ буда, забони машғулиятҳо ҳам форсӣ хоҳанд буд.

Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар созмон додани давраҳои омӯзишӣ кӯмаки молӣ хоҳад расонид.

Популярное

Похожие материалы