Рашт: Баррасии масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар кӯҳистон

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзҳои 11-12-уми декабр дар кори мизи гирд дар ноҳияи Рашт масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Чорабиниии мазкур аз ҷониби Академияи улуми кишоварзӣ бо мусоидати ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Дастгирӣ дар таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, созмон дода шуд.

Тавре аз намояндагии созмони мазкур хабар доданд, ҳадаф аз вохӯрӣ баррасии масоили асосии таъмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ ва ошкор намудани роҳҳои ҳалли онҳо буд.

Раиси ноҳияи Рашт Саидмурод Абдураҳмонов зимни суханронӣ бевосита дар бораи мушкилоти рӯзмарраи минтақаи кӯҳистон, аз ҷумла истифодаи заминҳои лалмӣ, коҳиши истеҳсорли маҳсулоти кишоварзӣ, талафоти маҳсулот бинобар сабаби мавҷуд набудани корхонаи коркард ва бозори фурӯш ва ҳамчунин масоили бозорёбии  занбӯрисалапарварӣ ҳарф зад.

Менеҷери лоиҳаи «Дастгирӣ дар таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон» Сангинбой Сангинов изҳор кард, ки ҳудуди 45%-и аҳолии кишвар дар шароити кӯҳистон зиндагӣ дошта, бинобар сабаби болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи осебпазирии онҳо меафзояд.

Мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи кишоварзӣ Ихтиёр Ашӯров зикр намуд, ки сарфи назар аз камбуди тухмии хушсифат, нуриҳои минепралӣ ва воситаҳои ҳифзи кимиёвии рустаниҳо, тибқи маълумоти оморӣ кишвоарзони манотиқи кӯҳистон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар онҷо масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ ҳал шудааст.

«Аммо вазъи воқеӣ ба омор мувофиқат надошта, масъалаи таъмин бо маводи ғизоӣ ва дастрасии он дар манотиқи кӯҳистон мушкил боқӣ мемонад», – гуфт ӯ.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...