Дар Тоҷикистон санҷиши фаъолияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ оғоз гардид.
Тӯли ду рӯз мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», мувофиқакунии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳамаи имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт аз мувофиқа гузашта, танҳо як нафари онҳо бинобар сабаби беморӣ, имкони дар мувофиқа ҳозир шуданро надошт.
«Дар фурсати наздиктарин имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Роғун ва ноҳияи Рӯдакӣ низ аз мувофиқа хоҳанд гузашт», – гуфтанд дар Кумита.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ фаъолияти имомхатибон тӯли соли ҷорӣ, аз қабили аз доираи қонунгузорӣ берун нарафтан ва риояи қоидаҳо аз ҷониби онҳо мавриди санҷиш қарор мегирад. «Суолҳо натанҳо ба таърихи ислому дин, балки ба қонунгузории кишвар ва арзишҳои диниву дунявӣ низ марбутанд», – гуфт сарчашмаи хабар.
Зимнан зикр гардид, ки ба ҳайати комиссияи санҷишӣ уламои Маркази исломӣ, кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ ва Кумита оид ба корҳои дин шомиланд.





