Гумонбарии сармуфаттиши ШВКД-и Қубодиён ба қаллобӣ

Date:


Сармуфаттиши Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи вилояти Хатлон хабар дод, як зан, сокини ноҳияи мазкур ба Раёсати Агентӣ муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки сармуфаттиши ШВКД-и ноҳияи Қубодиён Қурбонхол Ганҷалов барои қатъ кардани парвандаи ҷиноии писараш, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

«Кормандони раёсат Ганҷаловро пас аз гирифтани 1 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ дар ҳуҷраи кориаш боздошт карданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба Қ.Ганҷалов мутобиқи моддаҳои 247, қ. 4 (Қаллобӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...