Мавқеи Русия оид ба Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтӣ тағйир наёфт

Date:


Ҳафтаи равон Русия ба мактуби расмии ҳукумати Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Созишнома дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ посух ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд. «Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар

мавқеи худ боқӣ мемонад

, – гуфт манбаъ. – Айни замон ин масъала мавриди омӯзиши ҳукумат ва шахсан нахуствазири ҷумҳурӣ қарор дорад».

Ба иттилои манбаъ, агар тамоми масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо намоянд, ахири ҳамин моҳ созишнома дар Душанбе ба имзо мерасад.

Қобили зикр аст, ки тибқи баъзе маълумот, масъалаи дубораи ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияи созишнома дар ин хусус боис гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан аз 95%-и соли 2010 соли равон то ҳудуди 50% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, ҳодисаҳои қочоқи бензин аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон зиёд шуда, ҳиссаи ин кишвар дар воридоти расмии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз 0,5%-и соли гузашта соли ҷорӣ то 12% боло рафт, зеро маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, нархи он нисбат ба Тоҷикистон пасттар мебошад.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Дар хакикат масъалаи нафти на

    Дар хакикат масъалаи нафти на танхо барои ЧТ, балки ба шумораи зиёди давлатхо масъалаи мутташаннич аст. Хамин тавр сол аз сол шароити доду гирифти ин намуди махсулот мушкилтар мегардад ва ин фикр ба хаммаи мо маълум мебошад. Созишномаи ЧТ ва ФР низ дар инчо истисно нест. Инчунин набояд фаромуш намуд, ки ФР истехсолгари бузургтарини нафти ба шумор меравад ва вобаста ба ин барои давлати мо мушкил аст таъминотчии алтернативиро дарёфт намояд. Аз инру мо эхтимол дорем, ки аз тарафи мо, созишнома кабул мешавад.

Leave a Reply to Куллиев Фирдавс Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...