Мурофиаи додгоҳии собиқ сармуҳосиби бахши «Тоҷпромбонк» дар Хатлон

Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ сармуҳосиби бахши «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Ёвонро ба додгоҳ ирсол кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои зиддикорупсионии раёсат Ҳикматулло Исматов хабар дод, собиқ сармуҳосиби бахши «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Ёвон Наим Тағоев ба ғайриқонунӣ азхудкунии беш аз […]

Сайраҳмон Назриев


Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ сармуҳосиби бахши «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Ёвонро ба додгоҳ ирсол кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои зиддикорупсионии раёсат Ҳикматулло Исматов хабар дод, собиқ сармуҳосиби бахши «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Ёвон Наим Тағоев ба ғайриқонунӣ азхудкунии беш аз 731 ҳазор сомонӣ маблағ айбдор карда мешавад.

«Аз соли 2004 то соли 2006 ӯ ба ҳайси муҳосиб ва аз соли 2006 то соли 2009 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиби бахши бонк фаъолият намуда, тавассути сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ 731 ҳазору 315 сомониро ғайриқонунӣ азхуд ва бо ин амалаш ба бонк зарари бузурги молиявӣ расонид», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, парвандаи ҷиноӣ нисбати Н.Тағоев ҳанӯз соли 2010 оғоз гардида, вале ӯ рӯ ба гурез ниҳодааст ва сипас таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудааст. «Моҳи феврали соли 2012 ӯ аз ҷониби кормандони пулиси шаҳри Твери Русия боздошт шуда, санаи 23-юми август ба мақомоти Тоҷикистон супурда шуд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.