Боздиди намояндагони «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» аз МН

Date:


Чанде қабл  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова бо намояндагони «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишвар ва густариши ҳамкорӣ байни Парлумони ҷавонони Тоҷикистон бо кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумони кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, М.Ҷабборова ба намояндагони Парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар бораи фаъолияти кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон маълумоти муфассал дода, аз таъсиси ҳаракати ҷамъиятии мазкур изҳори қаноатмандӣ кард ва таъкид намуд, ки бешубҳа, он дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳуқуқии ҷавонони кишвар саҳми босазо хоҳад гузошт.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагони Парлумони ҷавонони Тоҷикистон ҳамзамон аз китобхона ва осорхонаи палатаи поёнии парлумон низ боздид карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...