IRS: Вазъи роҳи Душанбе-Чаноқ таҳти назорати доимӣ аст

spot_imgspot_img

Дата:


Шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ боришоти шадиди барф ба мушоҳида расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), тамоми техникаи дар ихтиёрдоштаи намояндагиҳои минтақавии филиал ҷиҳати пешгирии пеш омадани мушкилот барои ҳаракати нақлиёт сафарбар гардида, феълан машғули тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, бориши шадиди барф ва шамоловардҳо ҳаракати нақлиётро дар қитъаҳои алоҳида мушкил сохтааст. Коргарони роҳ қитъаҳои роҳи зертобеъро чанд маротиба бо ҷалби автогрейдерҳо, боркунакҳо ва дигар техникаи мавҷуда аз барф тоза намуда, барои халалдор нашудани ҳаракати мунтазами нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Айни замон ҳолати роҳ зери назорати роҳдорони филиал қарор дошта, воситаҳои нақлиёт бемамоният тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ равуо доранд.

Гуфта мешавад, ҷиҳати бартарафсозии яхбандӣ роҳ бо маводи зиддилағзиш коркард шудааст. Чунин намуди корҳо дар намояндагиҳои Зарафшону Варзоб низ иҷро шудаанд. Сафи назар аз аз вазъияти мураккаб, роҳдорон кӯшиш карда истодаанд то ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин бошад. Дар анҷом додани корҳои зикргардида дар минтақаи Варзоб 13 адад, дар минтақаи Зарафшон 7 адад ва дар минтақаи Суғд 19 адад мошину механизмҳо ҷалб карда шудаанд», – забар медиҳад IRS.

Ширкат аз истфодабарандагони роҳ даъват мекунад, ки бо дарназардошти вазъияти баамаломада ва шароити кӯҳистон, бо омодагии ҳаматарафа ба сафар баромада, аз гирифтани изофабор худдорӣ намоянд. Ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз сар задани ҳодисаҳои нохуш шабона ба сафар баромадан тавсия дода намешавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...