Соли равон ҳаҷми музди меҳнати миёна дар шаҳри Кӯлоб 461,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 109 сомонӣ зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати омори шаҳри Кӯлоб Маҳсиддин Мӯсоев хабар дод, айни замон машғул шудан ба кор дар бахшҳои энергетика, алоқа, бима (суғурта), хадамоти иҷтимоӣ (фонди нафақа) ва сохторҳои бонкии шаҳр бештар судманд буда, музди меҳнати миёна дар ин бахшҳо аз 1095,6 то 1317,5 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад.
Ба қавли ӯ, ҳаҷми музди меҳнати миёна дар бахши кишоварзӣ ба 104,4, моҳипарварӣ – 221,8, ҳайати хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхонаҳо – 287,7 сомонӣ баробар шудааст.
«Дар соҳаи сохтмон музди меҳнати миёнаи моҳона аз 486 сомонии соли гузашта то ба 612 сомонӣ расида, дар соҳаи саноат он 283 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта камтар аст», – афзуд номбурда.



