Баррасии Созишномаи узвияти Тоҷикистон ба СҶТ дар парлумон

spot_imgspot_img

Дата:


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи пешниҳоди тасдиқи Созишнома «Дар бораи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат» ба баррасии ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум матраҳ гардид. Созишномаи мазкур аввали моҳи декабр дар шаҳри Женева ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи боҷҳои давлатӣ», «Дар бораи ипотека» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Тамоми масоили аз ҷониби Шӯрои парлумон баррасишуда ба муҳокимаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи чоршанбе, 9-уми январ баргузор мегардад, пешниҳод шуданд», – гуфт номбурда.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...