Боздошти 144 нафар ифротгароёни эҳтимолӣ дар соли гузашта

Соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 144 нафар афроди дастдошта ба ифротгароиву терроризм боздошт шуданд. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 123 нафар ҷиҳати баррасии минбаъда ба судҳо фиристода шуда, тафтишоти парвандаҳои боқимонда идома дорад. «Миёни боздоштшудагон 36 нафарашонро аъзои созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 нафарашонро аъзои […]

Наргис Ҳамробоева


Соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 144 нафар афроди дастдошта ба ифротгароиву терроризм боздошт шуданд.

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 123 нафар ҷиҳати баррасии минбаъда ба судҳо фиристода шуда, тафтишоти парвандаҳои боқимонда идома дорад.

«Миёни боздоштшудагон 36 нафарашонро аъзои созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 нафарашонро аъзои «Ҷамоати Таблиғ», 76 танро аъзои Ҳаракати исломии Туркистон ва 15 нафарашонро аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ ташкил медиҳанд», – иброз дошт прокурори генералӣ.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 16,6 ҳазор ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 34% бештар аст. «Афзоиши шумори ҷиноятҳо маъмулан аз фаъолияти хуби сохторҳои қудратӣ ва беҳтар бақайдгирии ҷиноятҳои содиршуда гувоҳӣ медиҳанд», – гуфт Шерхон Салимзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта 164 ҷинояти аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои кишвар содиршуд ошкор гардидаанд, ки 101-тои онҳо ба суистеъмол аз ваколатҳои хидматӣ ва коррупсия мансубанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.