Нигаронии Дабири кулли СММ аз вазъи бемории СПИД дар ОМ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун аз вазъи бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ) (ВИЧ/СПИД/ дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, аввали ҳафти Пан Ги Мун бо намояндаи махсуси СММ оид ба ВНМО/БНММ дар минтақа Мишел Казачкин […]

ASIA-Plus


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун аз вазъи бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ) (ВИЧ/СПИД/ дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, аввали ҳафти Пан Ги Мун бо намояндаи махсуси СММ оид ба ВНМО/БНММ дар минтақа Мишел Казачкин мулоқот ороста, масъалаи вазъи ташвишовар бо ин беморӣ дар минтақа ва андешидани чораҳо ҷиҳати мубориза бо онро баррасӣ кардааст.

Мувофиқи гузориши Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО/БНММ, аз соли 2001 то соли 2011 шумори афроди мубтало ба ин беморӣ дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз 970 ҳазор нафар то ба 1,4 млн. нафар расидааст. Танҳо дар соли 2011 шумори ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба БНММ дар минтақа аз 130 ҳазор  то 140 ҳазор афзудааст. Истеъмоли маводи мухаддир тавассути сӯзандору аз омилҳои асосии афзоиши беморӣ дар минтақа унвон мешавад.

Гуфта мешавад, сатҳи фарогирии табобат дар робита ба ин беморӣ дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нокифоя боқи монда, танҳо 25%-и мубталоёни ин беморӣ ба дастгоҳҳои зарурии тиббӣ дастрасӣ доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аввали нимаи дуюми соли гузашта дар ҷумҳурӣ расман беш аз 4,08 ҳазор нафар гирифторони бемории ВНМО/БНММ ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 3,1 ҳазор нафарашонро мардон ташкил дода, 45 нафарашон кӯдакон мебошанд.

Ба аввали соли 2012 шумори афроди расман сабтшудаи гирифтори бемории ВНМО/БНММ дар Тоҷикистон беш аз 3,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.