КДАМ: Мусодираи беш аз 28 кило маводи мухаддир дар Суғд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд як роҳи устувори интиқоли маводи мухаддир аз ВМКБ ба пойтахт ва минбаъд тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба вилояти Суғдро маҳв намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии гаражи мутааллиқ ба сокини шаҳри Хоруғ дар […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд як роҳи устувори интиқоли маводи мухаддир аз ВМКБ ба пойтахт ва минбаъд тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба вилояти Суғдро маҳв намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии гаражи мутааллиқ ба сокини шаҳри Хоруғ дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд аз дохили автомашина дар зарфҳои маводи сӯзишворӣ ва ду пинҳонгоҳ беш аз 28 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шахсияти соҳиби автомашина ба хадамоти махсус маълум буда, ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни тафтишот, алҳол аз ифшои ному насаби ӯ худдорӣ карда мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки тайи 10 рӯзи ахир кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд се амалиёти муваффақона доир намуда, 150 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.