Дархости собиқ аъзои Фронти халқӣ аз Э.Раҳмон оид ба афв

Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» аз номи маҳбусон, собиқ аъзои Фронти халқии Тоҷикистон ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон номаи кушод расид. Дар муроҷиат ба сарвари давлат онҳо дархост мекунанд, ки мавриди афв қарор дода шаванд. Дар муроҷиат зикр мегардад, ки онҳо ҳамчун аъзои Фронти халқӣ баҳри расидан ба сулҳу оромӣ ҷони худро ба хатар гузошта, […]

ASIA-Plus


Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» аз номи маҳбусон, собиқ аъзои Фронти халқии Тоҷикистон ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон номаи кушод расид. Дар муроҷиат ба сарвари давлат онҳо дархост мекунанд, ки мавриди афв қарор дода шаванд.

Дар муроҷиат зикр мегардад, ки онҳо ҳамчун аъзои Фронти халқӣ баҳри расидан ба сулҳу оромӣ ҷони худро ба хатар гузошта, имрӯз кишвар соҳибистиқлолу дар он сулҳ ҳукмфармост.

«Президенти муҳтарам! Бо амри тақдир мо дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун мутааҳам дониста шуда, ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шудем. Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар сафҳои он мо низ дар барқарории сулҳ саҳм гузоштем, аз Шумо дархост мекунем, ки гуноҳҳоямонро бахшида, моро афв намоед», – баён мегардад дар нома.

Дар идома аъзои як гурӯҳи бузурги мусаллаҳи даврони ҷанги шаҳрвандӣ менависанд, ки онҳо омодаанд савганду ёд кунанд, ки гуноҳи худро дарк кардаанд ва «хоҳиш мекунанд, ки гуноҳашон бахшида шавад».

«Мо аз Шумо дархост мекунем, ки ба хотири сулҳу созиши дар ҳамдастӣ ноилгардидаамон гуноҳи моро бахшед ва имкон диҳед, ки ҳамроҳ 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳро ҷашн гирем…Мо ҳама Ватани худро дӯст дошта, миннатдорем, ки ба туфайли Шумо тӯли зиёда аз 20 сол фазои сулҳу оромӣ дар кишвари мо ҳукмфармост. Умедворем, ки дархости моро рад накарда, ба мо имкон хоҳед дод, ки ҳарчи зудтар назди оилаву наздикон баргардем», – омадааст дар нома.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.