Президент: Барои Тоҷикистон соли 2012 бобарор буд

Date:


Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он дастовардҳои соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дурнамою нақшаҳо барои оянда мушаххас мегарданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент ва ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони расмӣ ҷамъ омадаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид дошт, ки соли 2012 барои Тоҷикистон, новобаста ба бӯҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли бобарор ва заҳмати созандаю ободкорона буд. Ба гуфти ӯ дигаргуниҳо барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои молӣ идома ёфта, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012 шунида шуд. Тавре зикр гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил дод.

Нақшаи иҷрои даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёд аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...