Шоми имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ташриф меорад.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, сафари ҷаноби Лавров давоми рӯзҳои 16-17-уми январ идома меёбад.
Дар ҷараёни сафар Сергей Лавров бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.
Дар ин вохӯриҳо масоили имзои созишнома дар бахши муҳоҷират ва ҳамчунин воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон оид ба имзои созишномаҳои зикршуда тавофуқ ҳосил шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Русия моҳи апрели соли 2012 ва моҳи октябри соли гузашта дар ҳайати расмии Русия зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда буд.


