Соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳукми ҳабси абад содир шуд.
Раиси суди вилояти Суғд Анвар Юсуфов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ҳукми ҳабси абади аввал аз ҷониби Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилоят нисбати сокини 21-солаи ноҳияи Зафаробод Қувондиқ Иноятов содир шудааст, ки моҳи июли соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се нафарро бо истифода аз табар ба қатл расонида буд.
«Ҳукми дуюми ҳабси абад низ аз ҷониби ин сохтор моҳи декабри соли гузашта нисбати сокини 48-солаи шаҳри Истаравшан, падари чор фарзанд Ғайбулло Насруллоев қабул шуд, ки ба қатли ҳамсар ва келини ҳомиладораш бо истифода аз табар дар моҳи июни соли 2012 гунаҳкор дониста шуда буд», – гуфт номбурда.


