Коҳиши ҳаҷми нафақаи судяҳои Тоҷикистон

Date:


Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйирот ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи судҳои ҶТ»-ро якдилона маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи масъала ба вакилон муовини вазири молияи ҶТ Рӯҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки тағйироти пешниҳодшуда пеш аз ҳама, ба амалисозии ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии дар кишвар идомадошта нигаронида шудаанд.

«Мувофиқи тағйирот, аз ин ба баъд судяҳои Суди конститутсионии Тоҷикистон пас аз 35 соли фаъолият ба нафақа рафта метавонанд. То имрӯз ин муҳлат ба 20 соли фаъолият баробар буд, – гуфт ӯ. – Ғайр аз ин, то тағйирот ҳаҷми нафақапулии онҳо 80% аз ҳаҷми музздати меҳнатро ташкил дода, пас аз тағйирот он ба 65%-и ҳаҷми музди меҳнат баробар хоҳад шуд».

Тибқи тағйироти қабулшуда ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои ҶТ», аз ин пас аъзои оилаи кормандони мақомоти судии кишвар дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо хизматгузории ройгони тиббӣ ва муолиҷа дар осоишгоҳҳо таъмин карда намешаванд. Аз ин имтиёзот танҳо судяҳои нафақахӯр истифода карда метавонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...