Боздошти нашъаҷаллобон дар Душанбеву Суғд

Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ далелҳои навбатии паҳн кардани маводи мухаддир дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ошкор карда шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвыанди 35-сола Шафтолу Сабзалиев боздошт […]

ASIA-Plus


Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ далелҳои навбатии паҳн кардани маводи мухаддир дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ошкор карда шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвыанди 35-сола Шафтолу Сабзалиев боздошт гардида, ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз дохили пакети селофанӣ маводи нашъадори навъи «ҳашиш», вазнаш 1 килою 654 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон Маҷид Каримови 55-сола, Бизинат Ҷалоловаи 49- сола ва  Ҳасан Собирови 40-сола боздошт шуда, аз онҳо зиёда аз 1,2 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.