Ҳукми 15 соли зиндон ба сокини Конибодом барои қатли бародар

Сокини Конибодом барои қатли бераҳмонаи бародараш ба 15 соли зиндон маҳкум карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноии сокини 30-солаи ноҳияи Конибодом Фирдавс Сулаймонов ба итмом расида, ӯ ба муддати 15 сол равонаи зиндон шуд. Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта […]

Мавлуда Рафиева


Сокини Конибодом барои қатли бераҳмонаи бародараш ба 15 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноии сокини 30-солаи ноҳияи Конибодом Фирдавс Сулаймонов ба итмом расида, ӯ ба муддати 15 сол равонаи зиндон шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави

ахлотпартои шаҳри Конибодом

ҷасади мардеро бо аломатҳои марги маҷбуриву дастони баста дарёфт намуда буданд. Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят бародари шахси ҳалокшуда – Фирдавс Сулаймонови 30-сола боздошт шуда буд.

Зимни тафтишоти пешакӣ ҷараёни содир намудани ҷинят ошкор гардид, яъне нимаи аввали шаби 30-юми октябри соли равон Ф.Сулаймонов бародарашро, ки дар ҳолати вазнини мастӣ аз машрубот қарор дошт, бо дастони баста ба ахлотпарто оварда, ӯро ба чуқурии 1 метра мепартояд ва сипас зинда ба зинда ӯро дар чуқурӣ бо хок гӯр мекунад. Пас аз ду ҳафта сагони дайду ҷасадро аз гӯр кашида бароварда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.