Дастур барои имомхатибон то ҳанӯз нашр нашуд

Дар Тоҷикистон то ҳанӯз дастур барои имомхатибон таҳти унвони «52 маъвизаҳои намози ҷумъа» ба чоп нарасидааст. Кумитаи умури дини қаблан масъул ба нашри ин дастур акнун ба Маркази исломии Тоҷикистон ишора мекунад. Дар бораи нашри ин дастур раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов ҳанӯз аввали соли 2010 сухан гуфта буд. Дар Кумитаи умури дин изҳор намуданд, […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон то ҳанӯз дастур барои имомхатибон таҳти унвони «52 маъвизаҳои намози ҷумъа» ба чоп нарасидааст.

Кумитаи умури дини қаблан масъул ба нашри ин дастур акнун ба Маркази исломии Тоҷикистон ишора мекунад. Дар бораи нашри ин дастур раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов ҳанӯз аввали соли 2010 сухан гуфта буд.

Дар Кумитаи умури дин изҳор намуданд, ки дар дастур 52 мавзӯи ҳатмӣ барои маъвизаҳои намози ҷумъа – яктогӣ барои ҳар ҳафтаи сол дарҷ хоҳанд шуд ва имомхатибони масҷидҳо набояд аз мавзӯъҳои пешниҳодшуда саркашӣ кунанд.

Тавре ба IslamNews сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи умури дин Солеҳҷон Завқиев хабар дод, айни замон дастури мазкур дар шуъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мавриди таҳия қарор дорад ва худи онҳо онро ба имомхатибон тақсим хоҳанд кард. «Масъули нашри дастур Маркази исломӣ аст, зеро маҳз дар ҳамон ҷо фатвоҳо содир мешаванд ва дар сурати аз ҷониби аъзои Шӯрои уламо тасдиқ шудани дастур, он ба ташхис дар Кумитаи умури дин ниёзе нахоҳад дошт», – иброз дошт вай.

Дар Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита изҳор карданд, ки дар шуъбаи фатво то ҳол ба таҳияи ин дастур машғуланд, вале муҳлати анҷоми он ҳанӯз маълум нест. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.