Чанде қабл бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси шаҳри Хоруғ Иброимбек Ғозибеков ва раиси ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Амоншо Наврӯзшоев аз мансаб барканор шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент Фаромуз Имомбердиев раиси шаҳри Хоруғ ва Юсуф Султонноёбов раиси ноҳияи Роштқалъа таъин карда шуданд.


