Сафири Тоҷикистон дар ҳузури президенти Қирғизистон

Date:


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев эътимоднома супурд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, дар маросими супурдани эътимоднома сафири тозатаъини Тоҷикистон таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро муносибатҳои дӯстиву ҳамҷавории таърихӣ ба ҳам мепайвандад ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарикона бо Қирғизистон мебошад.

Дар навбати худ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев Олим Раҳимовро ба муносибати ба иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон шурӯъ карданаш табрик гуфта, манфиатдории Қирғизистон дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва рушди минбадаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро таъкид дошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related