Суди шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати рӯзноманигори шабакаи телевизиони «Ҷаҳоноро»-и вилояти Суғдро қатъ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари шабакаи телевизион Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, парванда бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати баррасӣ қатъ шудааст, зеро мутобиқи моддаи 33-и Кодекси маъмурии ҶТ, дар сурати гузаштани се моҳ аз замони содир шудани қонуншиканӣ, шаҳрванд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда наметавонад.
Ба қавли вай, қонуншиканӣ санаи 6-уми сентябри соли 2012 зимни дар шабакаи пахш шудани иттилоъ дар бораи ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и пойтахт ва ҷабрдидагон бар асари он бо истинод ба маълумоти сарчашмаи аввал – сомонаи агентии «TojNews» ба қайд гирифта шуда буд.
Қаблан ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигорони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева чандин маротиба изҳор намуда буд, ки дар моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ ба қонуншиканӣ барои паҳнкунии маҳсулоти ВАО ва ҳамчунин хабару маводи оҷонсии хабаргузорӣ бидуни сабти ном ишора рафта, дар амали роҳбари шуъбаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова
қонуншиканӣ ҷой надорад
, – гуфта буд Ҷӯраева. – ВАО-и мазкур ба қайд гирифта шуда, хабари пахшшуда аз сарчашмаи дигар – TojNews гирифта шудааст ва тибқи моддаи 36-и Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», агар ахбор аз сарчашмаи дигари иттилоотӣ гирифта шуда, ба ин сарчашма ишора рафта бошад, пас дар ин ҳолат ВАО-и ин хабарро истифодакарда аз масъулият озод мегардад».



