Баррасии лоиҳаи қонуни нави маориф дар парлумон

Date:


Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои МН МО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти МН МО ҶТ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ назди ҳозирини ҷаласаи Шӯро вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов изҳор кард, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав пеш аз ҳама бо мақсади таҳкими ислоҳот ва рушди соҳа, аз ҷумла таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши таълимгирандагон, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Зикр гардид, ки барои такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва ин лоиҳа мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи гурӯҳи мазкур қарор гирифта, ба он зиёда аз 1050 таклифу пешниҳодҳо ирсол гардид, ки бештари онҳо дар такмили лоиҳаи қонун истифода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СААД, Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои СААД ва лоиҳаи Қарори МН МО ҶТ «Дар бораи роҳбари Комиссияи муваққатии экологии МН МО ҶТ таъин намудани Маҳмадшариф Ҳақдодов» муҳокима шуданд.

Аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумон қисме аз масъалаҳои баррасишударо барои хулосабарорӣ ва такмил ба кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва қисми дигарро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи 6 – уми март баргузор мегардад, ирсол намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...