Рӯзномаи «ИмрузNews» дар робита ба қарори судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати даъвои Рустам Ҳукумов ба унвони шахсони мансабдори давлатӣ ва сохторҳои байнулмилалӣ як баёния интишор намуд.
Дар баёния зикр мегардад, ки ҳукми судя Шерзод Низомов дар бораи
қонеъ сохтани аризаи даъвогии Ҳукумов
ва аз ҷониби газета расман узр пурсидану ҷуброни 50 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ барои навиштаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд», ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ аст.
Баёнияи худро рӯзнома бо он асоснок мекунад, ки судя дар тамоми ҷараёни мурофиа парвандаро бо тартиби якҷониба ба манфиати Ҳукумов баррасӣ намуд ва ин ҳолат аллакай бозгӯи он буд, ки чунин қарор қабул мешавад. Сардабири рӯзнома Назири Нусрат бар ин назар аст, ки дар ҷаласаҳои қаблӣ худи судя якчанд дархости онҳоро, ки собитгари тибқи далелҳои муътамад навиштани мақола буданд, рад кардааст.
Дар баёния таъкид мегардад, ки баргузории ҷаласаҳо пушти дарҳои пӯшида, ба инобат нагирифтани дархостҳои сершумор ва худи ҳукми суд адолатнокии мурофиаи судӣ дар Тоҷикистонро зери суол мебарад.
Нусхаҳои баёнияи мазкур ба раиси Суди олии Тоҷикистон, вазири адлияи ҶТ, роҳбари намояндагии СММ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва АМВАОМТ, сафирони ИМА, Британияи Кабир, Эрон ва Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муқими кишвар фиристода шудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар мавриди ҳукми суд оид ба даъвои Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews»
изҳори нигаронӣ намуд.



