Суғд: Ҳодисаи нохуш дар асл куштор будааст

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як ҷинояте ошкор гардид, ки қаблан ҳамчун ҳодисаи нохуш арзёбӣ гардида буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ сокини 35-солаи шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод Шуҳрат Шоимов боздошт шудааст, ки маҳз ҳамин шахс дар содир гардидани ҷиноят гумонбар […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як ҷинояте ошкор гардид, ки қаблан ҳамчун ҳодисаи нохуш арзёбӣ гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ сокини 35-солаи шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод Шуҳрат Шоимов боздошт шудааст, ки маҳз ҳамин шахс дар содир гардидани ҷиноят гумонбар дониста мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шоми 20-уми феврали соли равон дар роҳи мошингарди миёни деҳаҳои Бахт ва Қипчоқи ноҳияи мазкур автомашинаи тамғаи «Дамас» оташ гирифта, аз дохили он ҷасади соҳиби мошин, сокини 42-солаи шаҳраки Зафаробод Баҳодур Эшонқулов дарёфт гардид. Зимни баргузории ташхиси судиву тиббӣ муайян карда шудааст, ки Эшонқулов аввал ба қатл расонида шуда, сипас дар дохили автомашина сӯзонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванд Шоимови дар боло зикршуда боздошт ва аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли 2012 дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 38 ҳодисаи одамкушӣ (соли 2011 – 41 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.