Даъвати AI аз Украина ҷиҳати рад кардани истирдоди Абдуллоҷонов

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҳукуматдорони Украина даъват ба амал овардааст, ки аз истирдоди собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба То ҷ икистон даст кашанд, зеро дар он ҷо ба ӯ истифодаи шиканҷа ва  на қ зи  ҷиддии  ҳуқуқи инсон таҳдид мекунанд. Дар изҳороти худ Amnesty International ҳамчунин аз ҳукуматдорони Украина […]

ASIA-Plus


Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҳукуматдорони Украина даъват ба амал овардааст, ки аз истирдоди собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба То


ҷ


икистон даст кашанд, зеро дар он ҷо ба ӯ истифодаи шиканҷа ва 


на


қ


зи 


ҷиддии


 ҳуқуқи инсон таҳдид мекунанд.

Дар изҳороти худ Amnesty International ҳамчунин аз ҳукуматдорони Украина даъват кардааст, ки фавран Абдумалик Абдуллоҷоновро озод намоянд.

Созмон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар сурати ба Тоҷикистон истирдод шудани Абдуллоҷонов, ӯ ба мурофиаи судии ғайримунсифона дучор шуда, мавриди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона қарор мегирад. Афви Байнулмилал аз ҳукуматдорони Украина ҳамчунин даъват кардааст, ки тамоми дархостҳои Тоҷикистон дар бораи истирдоди Абдуллоҷоновро рад намуда, ба ӯ дастрасӣ ба баррасии беғаразонаи пешниҳоди паноҳгоҳро таъмин созанд.

Гуфта мешавад, солҳои 1992-1993 Абдуллоҷонов ба ҳайси нахуствазири Тоҷикистон ифои вазифа намуда, пешвои маъруфи мухолифин мебошад. Соли 1997 ӯ дар содир кардани амалҳое, чун иштирок дар ҷинояткории муташаккилона ва тахрибкор

ӣ


, инчунин дастгирии ошӯби полковник Маҳмуд Худойбердиев дар шимоли кишвар айбдор карда шуд, вале худи Абдуллоҷонов ин айбномаҳоро инкор карда, соли 1999 дар ИМА 


паноҳгоҳи сиёсӣ 


гирифт.

«Дар пешорӯи маъракаи интихоботи президент ҳукуматдорони тоҷик ба чунин амалҳои худ тақвият мебахшанд, то ки аз ҷумла бо истифода аз таъқибот, қатъи фаъолият ё бастани сомонаҳо, тамоми интиқодгаронро ба хомӯш

ӣ

 маҷбур созанд ва ба истирдоди онҳо ноил гарданд, – омадааст дар изҳорот. – Ҳолатҳои истифода аз шиканҷа дар Тоҷикистон хеле роиҷанд ва моҳи ноябри соли 2012 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ «тасдиқи далелҳои сершумор ва мунтазами … истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати гумонбаршудагон аслан барои гирифтани баёноти эътирофи гуноҳ»-ро зикр карда буд».

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, бо назардошти узвияти Украина ба Конвенсия дар бораи мақоми гурезагон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, ин мамлакат набояд шахсро ба кишваре баргардонад, ки дар он ҷо ӯ метавонад ба хатари ҷиддии истифодаи шиканҷа ва дигар ҳолатҳои на

қ

зи ҳуқуқи инсон дучор гардад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон низ аз ҳукуматдорони Украина

дархост намуда буд

, ки ҳимояи собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки мақоми гурезаро соҳиб аст, таъмин карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд