Рӯзи модарро Тоҷикистон бо барф пешвоз мегирад

spot_imgspot_img

Дата:


Рӯзҳои 7-9-уми март дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор ва боришоти зиёди борону барф дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгӯии обуҳавои Муассисаи давлатии гидрометеорологияи ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод, рӯзи 7-уми март дар ҷумҳурӣ борони шадид ва дар доманакӯҳҳо боридани барф пешбинӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 7-уми март дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон ҳарорат аз 23 то 10-15 дараҷа ва дар вилояти Суғд то сифр поин меравад. Нимаи дуюми ҳамин рӯз дар Хуҷанд барф меборад.

Байдуллоева ҳамчунин изҳор намуд, ки дар ҷашни Рӯзи модар – 8-уми март дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон борон борида, тадриҷан ба бараф мубаддал мегардад. Ҳарорат як дараҷа сард шуда, вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония тақвият меёбад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, рӯзи 9-уми март дар саросари кишвар боридани барф, баъзан барфи шадид дар назар аст. Аммо аллакай рӯзи 10-уми март ҳарорат боло рафта, то 13 дараҷа гарм мешавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...