Чанде қабл дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку таҳти унвони «Карбогидрид ва минералҳо: аз истихроҷ то рушди устувор» тренинги минтақавӣ ба кор шурӯъ намуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Марказ оид ба соҳаҳои истихроҷи Авруосиёи Донишгоҳи Хазар дар доираи пешбурди Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои исихроҷ (ТШСИ) гузаронида мешавад.
Давраи омӯзишии мазкур барои намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори умуми Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳамчунин Украинаву Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Ба гуфтаи директори марказ И. Аҳмедов, ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ табодули донишу таҷриба бо намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори умум ҷиҳати беҳбуди қобилияти онҳо дар кори таъмини шаффофияти фаъолияти соҳаҳои истихроҷ ва идоракунии даромад дар минтақаи авруосиёӣ мебошад.
Сардори Раёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои иқтисоди Вазорати молияи Тоҷикистон Темуралӣ Афғонов дар ин робита зикр кард, ки бо назардошти рӯзи 26-уми феврали соли равон дар ҷаласаи 22-юми созмони ТШСИ ба Тоҷикистон додани мақоми кишвари номзад ба ин созмон, чунин чорабиниҳо барои намояндагони Тоҷикистон хеле муҳиманд.
Ӯ қайд кард, ки 70 ширкати бузурги истихроҷкунандаи маҳсулоти нафтӣ ва маъданҳои кӯҳӣ, беш аз 80 ниҳоди сармоягузории соҳиби беш аз 16 трлн. $ раванди ТШСИ-ро дастгирӣ намудаанд.



