Мусодираи як миқдор симоб дар истгоҳи роҳи оҳани Душанбе

Дата:


Дар назди истгоҳи роҳи оҳани Душанбе як миқдор маводи заҳролуди симоб мусодира гардид.

Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, зимни баргузории амалиёт дар истгоҳи роҳи оҳани пойтахт ба гумони фурӯши маводи ниҳоят заҳровари симоб сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд боздошт гардида, аз ӯ шишаи пластикии дорои 500 грамм симоб дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 206, қ. 2-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ ба гумони даст доштан дар паҳнкунии маводи нашъаовар сокини 20-солаи пойтахтро боздошт намуда, зимни кофтукови ӯ якчанд қуттии гӯгирди дорои маводи мухаддири бангдонаро дарёфт ва мусодира намудаанд. Аз рӯи ин далел ҳам корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное