Ташрифи сардори Ситоди кулли ҚМ Русия ба Душанбе

Як ҳайати низомии Русия таҳти роҳбарии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов пагоҳ, 14-уми март ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, сафари дурӯзаи ҳайати низомии Русия ба баррасии масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникии ҷонибҳо марбут аст. Аз мулоқотҳои В.Герасимов […]

Аваз Юлдошев


Як ҳайати низомии Русия таҳти роҳбарии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов пагоҳ, 14-уми март ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, сафари дурӯзаи ҳайати низомии Русия ба баррасии масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникии ҷонибҳо марбут аст.

Аз мулоқотҳои В.Герасимов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллов ва сардори Ситоди кулли Қуввваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-лейтенант Рамил Нодиров интизорӣ меравад. Дар вохӯриҳо баррасии маҷмӯи масоили гуногун  дар доираи ҳамкориҳои низомии кишварҳо дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.

Ёдрас мекунем, ки сафари ба 18-уми феврали соли равон таъиншудаи В.Герасимов бо ташаббуси ҷониби Русия ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд.

Моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири нави мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.