Ташрифи дипломати воломақоми Британия ба Тоҷикистон

Колин Робертс, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин сафари аввалини ҷаноби Колин Робертс ба Тоҷикистон аст. Зимни сафари худ ҷаноби Робертс бо намояндагони олимақоми ҳукумати Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дода, вазъ дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва […]

ASIA-Plus


Колин Робертс, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин сафари аввалини ҷаноби Колин Робертс ба Тоҷикистон аст. Зимни сафари худ ҷаноби Робертс бо намояндагони олимақоми ҳукумати Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дода, вазъ дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва Афғонистонро баррасӣ менамояд.

Дар рафти сафари худ ҷаноби Робертс аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид намуда, бо намояндагони ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ гуфтушунид мекунад. Ҷаноби Робертс аз таълимгоҳи бозомӯзии кормандони қушӯнҳои сарҳадии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ боздид мекунад. Инчунин, ҷаноби Робертс аз саҳми барномаҳои Департаменти Рушди Байнулмилалии Бритониё дар соҳаи рушд шиносои пайдо хоҳад кард. Сафари дипломати воломақоми бритониёи то 20-уми март идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки Британия Кабир ният дорад, ки зимни хориҷ кардани нерӯҳои низомиаш аз Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунад ва ин масъала чандин маротиба дар ҷараёни вохӯриҳои доираҳои дипломатии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.